< Дарс тибқи ҷадвал: Ҳукумат қарори тамдиди таътилро содир накардааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дарс тибқи ҷадвал: Ҳукумат қарори тамдиди таътилро содир накардааст

Дарс тибқи ҷадвал: Ҳукумат қарори тамдиди таътилро содир накардааст
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дарсҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар тибқи ҷадвал аз рӯзи 1 апрел оғоз хоҳанд шуд

 Дарсҳо дар макотиби миёна ва олии кившар аз 1 апрел оғоз мешаванд, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати маориф ва илм.

Тағйироте дар ҷадвали дарсҳо то ҳол ворид нашудааст, таъкид кард мусоҳиби хабаргузорӣ. Дар мавриди эҳтимолияти тамдиди таътили баҳорӣ дар Вазорати маорифи Тоҷикистон изҳор доштанд, то ҳол чунин тасмим аз ҷониби Ҳукумати кишвар содир нашудааст.

Аз 21 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили баҳорӣ оғоз шуда, то 31 март идома меёбад.

Вазорати маориф таъкид карда буд, ки  таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҳамсоя, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, дар макотиб таътил эълон гардида, бархе шаҳрҳо дар карантин қарор доранд. Дар маҷмуъ ба иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 дар дунё ба ҳолати  27 март беш аз 532 ҳазор нафарро ташкил дода, зиёда аз 24 ҳазор нафар фавтидаанду  124 ҳазор нафар сиҳат шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий