< Модари се кӯдак: парванда алайҳи зане, ки аз ошёнаи 10-ум партов ҳаво дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Модари се кӯдак: парванда алайҳи зане, ки аз ошёнаи 10-ум партов ҳаво дод

Модари се кӯдак: парванда алайҳи зане, ки аз ошёнаи 10-ум партов ҳаво дод
Навори партовҳаводиҳии зан ба интернет роҳ ёфт, ки дар натиҷа милисаҳо шахсияти занро муайян карда, нисбаташ парванда боз карданд. Нозанин, ки модари се кӯдак будааст, партовро ба маёйдончаи кӯдаконаи зери биноаш ҳаво додааст

Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи зани ҷавон, модари се кӯдак хабар додааст, ки риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ гунаҳкор дониста мешавад.

Ин занро дар пайи мунташир шудани як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баҳсҳои гарм атрофи он дастгир кардаанд. Дар навори мазкур дида мешавад, ки зане аз аз ошёнаи 10-ум истиода ба поёни бино, ки майдончаи кӯдакона будааст, партов ҳаво медиҳад.Худи "қаҳрамони ҳодиса" ин кирдорашро "корамро осон кардам" гӯён тавзеҳ додааст.

"Дар натиҷаи омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиати мазкур, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Сатторова Нозанин Тиллоевна соли таваллудаш 09.10.1988 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Шамсӣ, бинои 2/4, ҳуҷраи 89, оиладор соҳиби 3-фарзанд мебошад, ки ба хотири гӯё осон намудани кори худ аз боло зарфҳои пластикиро ба поён ҳаво додааст", - менависад манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда бо моддаи 112-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий