
24.03.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-нд, Толибов Илҳомиддин Илоҷевич 1983 с/т, миллаташ тоҷик, истик. н.Рӯдакӣ, ҷам. Ҷуйбодом, деҳ. Совхоз дастгир карда шуд. Номбурда, аз соли 2017 дар ШХШБ-и ш.Душанбе ҳамчун корманди ғайриштатӣ ба қайд гирифта шуда, дар давоми соли 2019 аз кормандони ХШБ ВКД ҶТ ба маблағи умумии 1.271.002-сомониву 52-дирамро барои супоридан ба филиали №6-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар н.Фирдавсӣ қабул карда, бо мақсади азонихудкунии маблағҳо бо собиқ кормандони филиали №6-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар н.Фирдавсӣ ш-ндон; Ачилов Умедҷон Муҳтоҷевич 1972 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. кӯч. Б.Ғафуров х.36 ва Камолзода Файзалӣ 1985 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. кӯч. Гулобод-1 х.7, 2.695-адад расидҳои бонкиро бо мӯҳри қалбакӣ тайёр карда, ба ХШБ ВКД ҶТ пешниҳод карда, ба 1.517-нафар шаҳрвандон шиносномаи хориҷӣ тайёр кардаанд, ки бо ин кирдорашон ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд. Нисбати номбурдагон аз ҷониби АНДМ ва МК ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қ.4, банди “б” ва 340 қ.2, бандҳои “б,в” оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)