ДУЗДӢ
24.03.2020 ш-нд, Ҳусейнова Ситора Ҷорубалиевна 1991 с/т, миллаташ тоҷик, ҷой кораш кошонаи ҳусни “Афсона”, истиқ. кӯч. Борбад х.27, ҳ.23 ба ШВКД ш.Бохтар муроҷиат намуд, ки 08.03.2020 сол тахминан соати 11.30-дақиқа ҳангоми дар назди бозори ҶДММ “Фаровон”-и ш.Бохтар қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби курткааш ҳамён, ки дар дохили он 3.000-сомонӣ, 1-адад шиносномаи миллӣ ва корти пластикии “Амонатбонк” буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-нд, Гулмуродов Ҷонӣ Ҷамшедович 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Ориён х.8, дастгир карда шуд. Номбурда, ҷинояти мазкурро бо рафиқаш ба номи “Муслим” ном шахс содир намудааст. Барои муайян ва дастгир намудани иштирокчии ҷинояти мазкурро чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 24.03.2020 ш-нд, Ҷӯраев Бахтиёр Раҷабалиевич 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ш.Душанбе, кӯч. Қаҳҳоров х.552 ба ШВКД н.Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки 22.03.2020 сол тахминан соати 10.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 4-саги намуди “Немецкая авчарка”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4.800-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-ндон; Пулотов Фазлиддин Кароматуллоевич 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Зайнабобод, деҳ. Файзоба ва Давлатов Абдураҳмон Ширинхуҷаевич 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Чортеппа, деҳ. Арбобхотун, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуданд.
24.03.2020 ш-нд, Замонзода Сайвалӣ Раҷабалӣ 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Чортеппа, деҳ. Ҷуйбодом ба ШВКД н.Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 22.03.2020 сол тахминан соати 12.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3.500-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-ндон; Пулотов Фазлиддин Кароматуллоевич 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Зайнабобод, деҳ. Файзоба ва Давлатов Абдураҳмон Ширинхуҷаевич 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Чортеппа, деҳ. Арбобхотун, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуданд.
24.03.2020 мактуби маъмурияти МТМУ №38-и ш.Истаравшан ворид шудааст, ки шаби 23 ба 24.03.2020 сол тахминан соати 01.50-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи технологии МТМУ-и мазкур ворид шуда, аз он ҷо таҷҳизоти компютериро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3.255-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ, Ҳайитов Сайфиддин Садриддинович 2003 с/т, миллаташ ӯзбек, хонандаи синфи 10-уми МТМУ №38, истиқ. ҷ/д Гули сурх, деҳ. Бодомзор, дастгир карда шуд. Нисбати ноболиғ, Ҳайитов С.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
24.03.2020 ш-нд, Қосимова Гуландом Ғиёсовна 1971 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Наврӯз х.259 ба ШВКД н.Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки шаби 11 ба 12.03.2020 сол тахминан соати 02.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, 1-адад “Планшет”, 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг” ва молу ашёҳои рӯзғорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12.350-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-дон; Абдиев Умед Ҳотамович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ш.Ҳисор, шаҳраки Шарора, кӯч. Зокиров х.3, ҳ.5, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст ва Эмомов Умедҷон Шераҳмадович 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Муъминобод, ҷ/д Қулчашма, деҳ. Саркорон, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуданд.
Комментарии (0)