Чипта 30 ҳазор рубл: "Сомон Эйр" тоҷикони дар Маскав дармондаро ба Ватан мебарад

Тоҷикистон мехоҳад шаҳрвандонашро, ки дар паи баста шудани фурудгоҳи Душанбе дар робита бо коронавирус дар Маскав дармонданд, ба Ватан барад
Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандони худ аз Маскав ҳавопаймои вижа мефиристад, хабар доданд дар хадамоти матбуотии ширкати ҳаовпаймоии "Сомон Эйр".
Бино ба гузориши ширкат, ҳавопаймо рӯзи 22 март соати 16:00 аз Душанбе ба фурудгоҳи "Домодедово" - и Маскав соати 19:30 хоҳад расид.
"Аз Душанбе танҳо шаҳрвандони Русия, ки чиптаи ин ширкатро харидаанд ба Маскав оварда мешаванд ва аз Маскав ба Душанбе танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бурда мешаванд", - қайд карданд намояндагони ширкат.
Намояндагон ҳушдор доданд, ки мардум ба доми чиптафурӯшони қалбакӣ наафтанд.
"Нархи чиптаи буҷавӣ дар хатсайри Маскав-Душанбе то 30 ҳазор рублей ва "бизнес класс" то 42 ҳазор мебошад. Нархи чипта нисбат ба дигар ширкатҳои ҳавоӣ 15% арзонтар аст", - қайд карданд дар ширкати "Сомон Эйр".
Шаби 20 март, Ҳукумати Тоҷикистон ба далели пешгирӣ аз интиқоли коронавирус ӣба Тоҷикистон, ҳамагуна парвозҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз Русия ба Тоҷикистонро қатъ кард.
Дар ин росто, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд аз фурӯдгоҳҳои Маскав ба Ватан парвоз кунанд.
Ин вазъият зери назорати шахсии сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов буд.
Комментарии (0)