Тақдими тӯҳфаҳо ба 100 кӯдаки ятим аз ҷониби раисиҷумҳур дар Суғд

Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим кард
Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур,зимни суҳбат бо хонандагону наврасон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва саховатмандии мардуми ҷумҳурӣ дар роҳи расондани кумакҳо ба ниёзмандон, кӯдакону наврасонро ба хониши хуби илмҳои замони муосир, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани технологияи муосири компютерӣ ҳидоят кард.
"Шодию нишоти кӯдакону наврасонро ҳадду канор набуд. Онҳо барои чунин ғамхориҳо ба пушту паноҳи хеш ва роҳбари хирадпешаю саховатманд изҳори сипос карданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва шахсони саховатпеша ба ниёзмандон, барҷомондагон, ятимон дар арафаи иду ҷашнҳо ва дигар идҳои миллӣ кумакҳои моддӣ расонда, руҳияи онҳоро баланд мебардоранд.
Комментарии (0)