< Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикисон хост, Наврӯзро баргузор накунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикисон хост, Наврӯзро баргузор накунад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикисон хост, Наврӯзро баргузор накунад
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз Тоҷикистон даъват менамояд, ки аз ташкили чорабиниҳои фароғатии оммавӣ, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯз пешбинӣ шудаанд, эҳтиёткор бошанд

Намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар муроҷиат намудааст, ки аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд, хабар медиҳад ТоҷикТа.

Дар робита ба ин, ба дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон мактуб бо дастуру тавзеҳот ирсол гардидааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар матни номаи СҶБ омадааст, ки дар ташкили чорабиниҳои фароғатии оммавӣ, ки ба оқибатҳои вазнини саломатӣ оварда метавонанд, эҳтиёткор бошанд.

"Аксари  сарчашмаҳо тасдиқ мекунанд, ки чорабиниҳои оммавӣ метавонанд ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ мусоидат кунанд", -  гуфта мешавад дар изҳорот.

Созмони мазкур таъкид мекунад, ки тасмим дар бораи лағв ва ё баргузор кардани ҷашнҳои бузург, бояд пеш аз ҳама хатари расондани он ба ҷомеа дақиқ карда шавад.

Зимнан, СҶБ изҳор намудаст, ки омода аст кӯмаки машваратӣ ва техникии худро дар баҳодиҳии хавф ба саломатии ҷомеа ҳангоми баргузории ҷашнҳои васеъмиқёс пешниҳод намояд.

Қобили зикр аст, қаблан СҶБ чандин роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирусро пешниҳод намуда буд, ки карантин ва манъи  чорабиниҳои оммавӣ аз усулҳои ироанамудаи ин созмон мебошанд.

Дар Тоҷикистон омодагӣ ба баргузории Ҷашни Наврӯзи Аҷам беш аз як моҳ тӯл мекашад. Бо вуҷуди хавфи маризии коронавирус, Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ин ҷашнро пуршукӯҳ дар Хуҷанди Бостон ҷашн мегирад.

Интизор меравад, дар чорабинии мазкур худи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок кунад. Ҳамзамон аз ҳузури то 12 ҳазор тамошобин дар баргузории ҷашни Наврӯз хабар дода мешавад.

Баргузории ин ҷашн дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз баргузор кардани Наврӯз даст кашиданд.

Тоҷикистон ва Туркманистон хушбахтона аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло аз маризии сироятии коронавирус дар канор мебошанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий