Парвозҳо ба самти Тоҷикистон қатъ шуданд
Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии дохил ва хориҷи кишвар дастур додааст, ки аз 20-уми март ҳамагуна парвози ҳавопаймоҳоро ба самти Тоҷикистон манъ кунанд.Икром Субҳонзода, раиси ин идора, дар номаи расмӣ тасмимро ба пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус рабт дода, вале санаи анҷоми дастурро нагуфтааст.
Аз ин пеш парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия маҳдуд шуда, ба Ӯзбекистону Эрон ва Чину Афғонистон пурра қатъ шуда буд.
Комментарии (0)