Кӯмаки USAID ба Тоҷикистон дар мубориза алайҳи коронавирус

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон имрӯз аз барномаи USAID лавозимоти тиббӣ дарёфт намуд. Кӯмаки ироашуда ба кормандони соҳаи тиб ба хотири ҷилавгирӣ аз маризии коронавирус ихтисос дода шудааст
Дар маросими супоридани кӯмаки тиббии барномаи USAID ба Тоҷикистон, муовини вазири беҳдошт Мирҳаммудин Камолзода ва Галина Перфилева роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ иштирок намуданд.
Ба иттилои котиботи Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, маводи тақдимшуда, аз ҷумла ниқобҳо, дастпӯшакҳо, ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.
Зимнан, зикр гардидааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон феълан ягон нишонаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирӣ аз интиқоли маризӣ ба кишвар пурзӯр шуда истодааст.
Манбаъ меафзояд, то имрӯз, 12 марти соли равон 1594 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба карантин фаро гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 357 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.
Комментарии (0)