Раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода вакили маҷлиси вилояти Хатлон шуд

Роҳбари яке аз бонкҳои калонтарини кишвар “Ориёнбонк” Ҳасан Асадулозода вакили маҷлиси вилояти Хатлон интихоб шудааст.
“Ҳасан Асадуллозода номзадияшро ба таври худпешбарӣ дар ҳавзаи интихоботии Бохтар-3 ба қайд гирифта буд. Ӯ соҳиби аксарияти овозҳои интихобкунандагон гардида, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон шуд” , - гуфт Қурбонзода.
Номбурда афзуд, ки дар баробари Ҳасан Асадуллозода чанд соҳибкори дигар низ ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят роҳ ёфтанд. Аз ҷумла, муассис ва роҳбари бозори “Султони Кабир” Авазхон Кабиров аз ҳавзаи интихоботии Восеъ-26 вакил интихоб шуд.
Қурбонзода иброз дошт, ки ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят 69 вакил аз се ҳизби сиёсии кишвар роҳ ёфтанд. Аз ҷумла, ҲХДТ – 65 вакил, ҲИИТ ва ҲАТ – якнафарӣ, ҳамчунин 2 нафар ба таври худпешбарӣ, ки онҳо низ узви ҲХДТ мебошанд.
“Аз 69 вакили интихобшуда 23 нафарашон занон ва 10 нафарашон ҷавонони то 35-сола мебошанд”, - гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар интихоботи 1-уми март ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 68 номзад аз ҲХДТ, 9-номзадӣ аз ҲКТ, ҲАТ, ҲИИТ ва 158 номзад ба таври худпешбарӣ барои 69 ҷой мубориза карданд.Read more:
Комментарии (0)