< Фаровон: ширкатҳои ватанӣ соле наздики 2 миллион тонна орд истеҳсол мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Фаровон: ширкатҳои ватанӣ соле наздики 2 миллион тонна орд истеҳсол мекунанд

Фаровон: ширкатҳои ватанӣ соле наздики 2 миллион тонна орд истеҳсол мекунанд
Зарфияти солонаи кулли онҳо 1,9 миллион тонна орд мебошад. Ин ҳаҷм аз ниёзи кишвар ба орд, ки солона 800,8 ҳазор тонна аст, 1,9 баробар бештар аст

Тоҷикистон дар 2 моҳи соли ҷорӣ беш аз 14,6 ҳазор тонна орд ворид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.

Бино ба иттилои вазорати саноеъ ва фанновариҳои нав, дар ин муддат дар дохили кишвар 110 ҳазор тонна орд тавлид шуд.

Бо ин ҳол, бо назардошти воридот, тавлидоти дохилӣ ва захоири боқимонда аз соли гузашта ҳаҷми захираи орд ҳоло дар кишвар ба 171,7 ҳазор тонна мебошад, ки ин шумор дар муқойиса бо ниёзи Тоҷикистон ба орд 26,7 ҳазор тонна афзойишро нишон медиҳад.

Дар ду моҳи аввали сол ҳаҷми воридоти орд 346,7 тонна афзойиш ёфт. Дар ин муддат беш аз 95 ҳазор тонна гандум ворид шуд, ки ин боиси тавлиди беш аз 71,2 ҳазор тонна орд гардид.

Бар асоси додаҳои вазорат, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 47 ширкат орд тавлид мекунад. Зарфияти солонаи кулли онҳо 1,9 миллион тонна орд мебошад. Ин ҳаҷм аз ниёзи кишвар ба орд, ки солона 800,8 ҳазор тонна аст, 1,9 баробар бештар аст.

Соли гузашта ширкатҳои Тоҷикистон бозорҳои дохилиро бо 710,1 ҳазор тонна орд таъмин карданд. Ҳаҷми содирот ба хориҷа 3,1 ҳазор тонна буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий