Эътироф намекунем: ҲСДТ аз митингҳо алайҳи натиҷаи интихобот гуфт

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, бо нашри изҳороти раёсати Шӯрои сиёсии ҳизбаш аз ҷонибдорон хостааст, ба эътирозҳои мувофиқанашуда даст назананд ва таъкид кардааст, ки дар 10 рӯзи оянда баргузории митингҳои мувофиқашударо баррасӣ мекунад
Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ ба чунин хулоса омад, ки натиҷаҳои интихобот на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва комилан тақаллубӣ аст, аз ин рӯ ин натиҷаҳоро эътироф намекунад, омадааст дар изҳороти нашркардаи Зоиров.
Ба иттилои манбаъ, 14 созмони ноҳиявию шаҳрии ҲСДТ ва теъдоди зиёди ҷонибдорони ҳизб пешниҳод намудаанд, ки ҳамчун шакли эътирози мардумӣ ба эълони пешакии натиҷаҳои интихобот, гирдиҳамоӣ доир карда шавад.
Раёсати Шӯрои сиёсӣ таъкид намудааст, ки ҲСДТ як созмони мутамаддини сиёсист ва аз аъзои ҳизбу ҷонибдоронаш хоҳиш намудааст, ки аз баргузории ҳамагуна шаклҳои эътирози мардумӣ, бахусус гирдиҳамоии бидуни мувофиқа, худдорӣ намоянд.
Ин ҳизб таъкид намудааст, дар мувофиқа баргузории гирдиҳамоиҳоро дар 5 маркази минтақавии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.
"Дар давоми 10 рӯзи оянда гузаронидани гирдиҳамоиҳои (митингҳои) яквақта дар панҷ маркази минтақавии ҷумҳурӣ бо риояи тартиби муқарраршуда дар робита ба натиҷаҳои интихобот баррасӣ хоҳад шуд. ҲСДТ аз пешниҳоди шикоят ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ менамояд, зеро ки дар Тоҷикистон дар шароити муосир адолати судӣ вуҷуд надорад", - омадааст дар изҳорот.
ҲСДТ афзудааст, ҳамаи далелҳои дастрасро ҷамъоварӣ намуда ба КМИР, Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ва Иттиҳоди Авруосиёии иқтисодӣ пешниҳод мекунад. Дар моҳи май Анҷумани ғайринавбатии ҲСДТ даъват карда шуда, дар он масъалаи мазкур баррасӣ ва чораҷӯӣ карда мешавад, омадааст дар идома.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон 1 марти соли равон баргузор гардида, ҲСДТ ягон ҳизб дар кишвар мебошад, ки намояндагонаш вориди парлумон нашуданд. КМИР интихоботро баргузоршуда эълон намуда, нозирон аз кишварҳои ИДМ онро шафофу демократӣ хонданд.
Комментарии (0)