Вазорати маориф: қатъи “маршировка” – и наврӯзӣ ва омодагӣ ба 30- солагии Истиқлолият

Мақомоти Тоҷикистон аз қатъи машқҳои омодагӣ ё ба истилоҳ, “маршировка” – ҳои наврӯзӣ хабар медиҳанд
Эҳсони Хушвахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми кишвар гуфт, ин ниҳод тасмим гирифтааст ба хотири омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатӣ, худдорӣ аз харҷи ҳама намуди маблағҳо ва ҳам ҷилавгирӣ аз сирояти “вируси тоҷдор” ё “коронавирус” (COVID-2019) машқҳои омодагӣ ба ҷашни Наврўзи байналмилалиро қатъ кунад.
“Дар ин маврид дастури дохилиидоравии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз сирояти “вируси тоҷдор” (COVID-2019) содир шудааст”, - гуфт Эҳсони Хушвахт.
Сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, дастури мазкур ба роҳбарони тамоми муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ ирсол шудааст.
“Онҳо ҷашни Наврўзи байнулмилалиро дар алоҳидагӣ дар доираи муассисаи таълимӣ бо риояи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд истиқбол кунанд”, - афзуд Эҳсони Хушвахт.
Дар ҳамин ҳол, мавсуф дар бораи эҳтимоли қарантина шудани муассисаҳои таълимии кишвар гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ зарурате барои ин иқдом дида намешавад ва муассисаҳои таълимӣ тибқи барномаи таҳсил фаъолияти худро идома хоҳанд дод.
Комментарии (0)