
02.03.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-нд, Ғафуров Ёдгор Умарқулович 1992 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Далёни-Боло, деҳ.Оби борик дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 29.01.2017 сол бо ш-нд, Муллоева Зарафшон Ҳабибуллоевна 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. суроғаи дар боло зикршуда, оила барпо намуда, дар зиндагии якҷояашон нисбати ӯ муносибат ва муомилаи бераҳмона кардааст, ки ш-нд, Муллоева З.Х. ба ҳамаи ин тоб наоварда, санаи 02.02.2020 сол тахминан соати 12.30-дақиқа дар ҳавлии истиқоматиашон худро бо роҳи истеъмоли дорувориҳо ба ҳалокат расонидааст. Нисбати ш-нд, Ғафуров Ё.У. аз тарафи Прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)