< ДУЗДӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДӢ

ДУЗДӢ
02.03.2020 ш-нд, Раҳмонов Сайҷаъфар Амирович 1965 с/т, миллаташ тоҷик, бекор,  истиқ. ҷ/ш Меҳнатобод, кӯч. Х.Кабут, ба ШВКД н.Кушониён муроҷиат намуд, ки санаи 30.01.2020 сол тахминан соатҳои 14.30-дақиқа шахсонии номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш 2-сар ЧКШ-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 19.000-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-ндон; Каримов Меҳроҷиддин Алихонович 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д “Тоҷикобод”, деҳ.Фидокор, пеш бо моддаи 111 КҶ ҶТ суд шудааст ва Сатторов Исмоил Неъматуллоевич 1998 с/т миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Меҳнатобод, деҳ. Байнал дастгир карда шуданд. 

02.03.2020 ш-нд, Нозимов Абдуқаҳҳор Абдуғафорович 1979 с/т,  миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Лоҳутӣ, деҳ. Ҳалқаёр, ба ШВКД н.Ховалинг муроҷиат намуд, ки шаби 01.03.2020 сол тахминан соатҳои 04:00-дақиқа шахсони номаълум аз дохили оғилхонаашон 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8000-сомонро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-нд, Ҳасанзода Амир Достӣ 1993 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Лоҳутӣ, деҳ. Ҳалқаёр дастгир карда шуд. Далели шайъи гирифта шуд. 

02.03.2020 мактуб аз номи Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои н.Сино. ворид шуд, ки   шахсони номаълум санаи 29.01.2020 сол аз суроғаи ш.Душанбе кӯч. Н.Ганҷавӣ ва хиёбони И.Сомонӣ 3-бех дарахти навъи «Магнолия» (ҳамешасабз) ва такроран санаи 27.02.2020 сол аз кӯч.Карамови н.Сино 4-бех дарахтони навъи мазкурро ки арзиши ҳар як дарахт 1400 сомонирро ташкил дода, аз хориҷӣ кишвар оварда шудаанд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9.800-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-нд, Раҷабов Ҷумъахон Мирзовалиевич 1979 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Рӯдакӣ, ҷ/д Чортеппа, деҳ.Маърифатӣ х.229 дастгир карда шуд. 

02.03.2020 ш-нд, Мавлудаи Бобохон 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Деҳотӣ х.14 ҳ.25, ба ШВКД н.Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 02.03.2020 сол шахсони номаълум ҳангоми дар кӯч. Н.Қарабоев қарор доштанаш аз ҷейбаш 1-адад телефони мобилии "Самсунг  Галакси С-10", ки арзишаш 2.800-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-нд, Умаров Алиҷон Хаёмович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ш.Кӯлоб, кӯч Ҷ.Алӣ х. 263, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий