< ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН

ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН

02.03.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-нд, Сангов Сайдаҳмат 1953 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. ш.Душанбе кӯч. Борбад х. 168 дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2017 ширкати ҶДММ «Имкон-2015»-ро кушода, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо номи Джамол Али Маҳмуд, бо роҳи фиреб боварии ш-нд, Амонбекова Марзия Тиллобековна 1977 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. кӯч. Каҳҳоров х.149/2, ҳ.74 даромада, номбурдаро ба шаҳри Риёзи шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурда, муддати зиёда аз шаш моҳ мавриди истисмори меҳнатӣ, яъне ҳуқуқҳояшро ба пуррагӣ маҳдуд карда, бе музди маош ва соати муқаррарӣ ҳамчун ғулом кор фармудаанд. Нисбати ш-нд, Сангов С. аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий