ОДАМРАБОӢ

02.03.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ш-нд, Давронбеков Ҳусейн Тиллоевич 1980 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. кӯч. Яккачинор х.148/2, ҳ.9, бидуни иҷозатномаи Хадамоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ тахминан аввалҳои соли 2019 аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Моҳҷет Батарҷидар бо роҳи фиреб ба боварии ш-нд, Раҳимова Бегиҷон Хуршедовна 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Ҷ.Балхӣ, ҷ/ш Исоев, кӯч. З.Қаландаров даромада, номбурдаро ба шаҳри Ҷиддаи шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурда, муддати зиёда аз як сол мавриди истисмори меҳнатӣ, яъне ҳуқуқҳояшро ба пурраги маҳдуд карда, бе музди маош ва соати муқаррарӣ ба кори хона ба ҳайси ғулом кор фармудаанд. Нисбати ш-нд, Давронбеков Х.Т. аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)