
02.03.2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Авлиёев Сунатулло Олимович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. кӯч. Борбад х.22, ҳ-53 ш.Леваканд дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи сентябри соли 2016 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москваи ФР рафта, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш моҳи июни соли 2019 тавассути барномаҳои интернетии “Ютуб” ва “Телеграмм” ба саҳифаҳои аъзоёни ташкилоти террористии “Давлати-исломӣ” ворид шуда, ақида ва ғояҳои онҳоро омӯхта, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣнамуда, ба ташкилоти террористии мазкур шомил шудааст. Баъди шомил шудан ба ташкилоти террористи мазкур бо мақсадизиёд намудани тарафдорони ташкилоти террористии “Давлати-исломӣ” дар барномаи “Телеграмм” ду адад саҳифаҳои махсус бо номҳои “Расонаи тавҳид” ва “Шерони Хуросон”-ро созмон дода, дар дохили ин сомонаҳо маълумотҳо, амри маъруфҳо дар мавзӯъи шомил шудан баташкилоти терористии“Давлати исломӣ” ва видеонаворҳои ҷангӣ, дарсҳои омода намуданимаводҳоитаркандаихудсозро дохил намуда, тавассути саҳифаҳои созмондодааш зиёда аз 40 нафариштирокчиёнро аъзо намуда онҳоро барои шомил шудан ба ташкилоти террористии “Давлатӣ исломӣ” ташфиқоту тағрибот бурдааст. Нисбати ш-нд, Авлиёев С.О. аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ бо моддаҳои 307 иловаи 1 қ-2 ва 307 иловаи 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)