< Ҳақоиқи наҳзати фашистӣ дар чанд суоли “Радиои Озодӣ” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳақоиқи наҳзати фашистӣ дар чанд суоли “Радиои Озодӣ”

Ҳақоиқи наҳзати фашистӣ дар чанд суоли  “Радиои Озодӣ”

Ростӣ бо дидани сарлавҳаи матлаби сомонаи “Радиои озодӣ” дар мавриди мусоҳибаи ин расона бо раҳбари ҷинояткор ва фирории ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирии дар пайгирии қонунӣ қарордошта, дар ҳайрат афтодам. Наход як сомонае, ки дар дохили Тоҷикистон озодона фаъолият мекунад ва кормандонаш иҷозаи фаъолият доранд, ҳамарӯза дар кӯчаҳои Душанбешаҳр бо шаҳрвандон мусоҳибаҳо баргузор мекунанд, хилофи қавонини ин кишвар амал карда, бо раҳбари гурӯҳи террористие мусоҳиба орояд, ки муқасири марги беш аз 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳи Тоҷикистон аст. 

Мисли ин ки Салими Аюбзод ва дигар масъулини бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” шарафу номус ва инсоният надоранд.

 Вале чун ҳамеша маро ҷиҳатҳои мусбии ин масъала ба худ ҷалб карданд. Зеро хабарнигор ноогоҳона чунин саволҳоеро ба раҳбари терррористон додааст, ки уро фош сохтаанд. Дақиқан, суолҳои пешкашкардаи рӯзноманигори ин расона, бо сабаби дар худ доштани ҳақоиқи раднопазири ҷинояткор ва риёкор будани раҳбарияти ТТЭ ҲНИ, хеле диққатҷалбкунанда буданд.

Дар дувумин суоли худ рӯзноманигори “Радиои озодӣ” ба таври равшан дар рӯйи Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ ба ин назаранд, ки баргузории интихоботи навбатии парлумонӣ дар Тоҷикистон, бе иштироки ТТЭ ҲНИ, баёнгари субот, поёни кашокашҳо ва оғози марҳалаи созандагие аст, ки Тоҷикистон ба он ниёз дорад. Дуруст аст. Дар воқеъ аксари коршиносон чунин назарро доранд ва рӯзноманигори мазкур ҳам ин суоли худро дар заминаи ҳамин воқеиятҳо мураттаб сохтааст. Албатта раҳбари ифротиёни наҳзатӣ бо ҳамон риёкории деринаи худ ба ин пурсиш радномаи обшуста дорад ва дарҳол онро пешкаш кардааст. Бе ягон далели мантиқиву асоснок идаои дурӯғин мекунад, ки ин поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст. Вале ҳама медонад, ки поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш орзуи деринаи худи вай ва ҳамсафонаш мебошад ва ин ҳукумати феълии мо аст, сина сипар карда, ин арзишҳои дунявиро барои мардуми кишварамон ҳифз мекунад. 

Дар саволи баъдӣ рӯзноманигори мазкур найрангҳои пешазинтихоботии раҳбарияти ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла худи Муҳиддин Кабириро хотиррасон карда, изҳороти пахшкардаи онҳо ҷиҳати пуштибони аз як ҳизби расмии кишвар ҲСДТ-ро пеши назар оварда, дар рӯйи вай мегӯяд, ки ин ҳизб аз чунин ҳимоят зарар мебинад, то фоида ва ҳадафи шумо садо баланд кардану ёдрас кардани худ аст, на пуштибонӣ аз дигарон. Дар воқеъ, баъди ин изҳороти моҷароҷӯёнаи раҳбарияти наҳзатиҳои ифротӣ ҳама коршиносон муғризона будани онро эътироф карданд. Худи раҳбарияти ҲСДТ низ изҳорот пахш карда, пуштибонии онҳоро рад кард ва ҳама он аҳдшиканиҳои раҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ро дар замони расман фаъолият карданашон хотиррасон карда буд.

Пас аз он навбати масъалаи суистифодаи номи дини мардум дар унвони ҳизби террористии мазкур ба миён гузошта мешавад ва рӯзноманигор ба Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон мерасонад, ки чи тавр дар баробари лафзан мухолифат нишон додан ба ҳокимияти динӣ дар Тоҷикистон тули солҳои дарози раҳбарӣ аз ҳизб калимаи исломиро набардошт ва номи муносибе ба он нагузошт. Дар ҷавоб ба ин савол раҳбати наҳзатиҳо раҳгум мезанад, вале чун ҷавобҳои обшустаи дурӯғин дорад, пеш мегузорад ва имрӯз идао мекунад, ки ба хотири беэътиноӣ накардан ба “бачаҳои зиндонӣ” ҳоло ин корро намекунанд. Рӯзноманигор ҳам аз ин ҷавоби обшуста қаноатманд нашуда, илова мекунад, ки чаро дар дохил ин корро накардед, то ин балоҳое, ки гуфтед, ба сари он бачаҳо наоянд? Муҳиддин Кабирӣ аз найранг истифода карда, мавзӯъро ба дигар сӯ мекашонад. Аммо барои хонанда ва шунавандаҳои ин мусоҳиба чеҳраи воқеии риёкоронаи ин ифротӣ намоён мегардад. Рӯзноманигор ҳам пас аз ин дарҳол ҷоиз донистани риёкорӣ аз ҷониби Муҳиддин Кабириро ёдовар шуда, ишора бан ин мекунад, ки ҳамон давра мардумфиребӣ мекардед, ҳоло ҳам тағйир наёфтаед.

Давоми мусоҳиба аз сабаби аз ҳад зиёд дурӯғ гуфтани раҳбари ифротиёни наҳзатӣ дигар берабту дилгиркунанда буд. Танҳо дар охир рӯзноманигор мехост бо дарёфти чи будани шиори наҳзатиҳои ифротӣ дар интихоботи имсола, агар имкони ширкатро медоштанд, муайян кунад, ки оё дар Аврупо гашта онҳо ақалан ягон барномаи нави коромад тартиб додаанд, ё хайр. 

Аммо ҷавоб нишон дод, ки не. Онҳо ба ғайр аз даъвоҳо ва туҳматҳои беасос ягон роҳбурди дурустеро натавонистаанд, ҳадди ақал дар рӯйи қоғаз пешкаши мардум кунанд. Баръакс, аз ҷавоб маълум гашт, ки масъалаи асосии кишвари мо, яъне амалӣ кардани Стратегияи чорум-саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ ҳатто дар ёди онҳо нест. Мегӯяд мо мехоҳем ба мардум озодӣ диҳем, масъалаи иқтисод дуюмдараҷа аст. Шояд мардум гуфта ҳамон чанд ҷинояткори ҳамсафашро дар назар дорад, ки алъон дар кунҷи зиндонанду аз озодӣ маҳрум, на мардуми Тоҷикистонро, ки аз ҳама озодиҳо бархурдор ҳастанд ва дар ин фазои тинҷиву амонӣ масъалаи иқтисодро аввалиндараҷа медонанд. 

Хушбахтона, мардуми мо ҳукумати ба ин аҳдоф мувофиқи худро дорад ва кайҳо боз, таҳти раҳбарии он, барномаҳои воқеии рушди иқтисодиро амалӣ карда истодааст.

Дар охир ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки ҳарчанд хабарнигори  “Радиои озодӣ” хилофи қавонини Тоҷикистон ва оинномаи худи ин расонаи хабарӣ амал карда, дар остонаи интихоботи парлумонӣ бо раҳбари як ташкилоти террористӣ оиди интихоботи мо мусоҳиба оростааст, вале саволҳоро тарзе гузоштааст, ки ҳама ифлосиҳои Муҳиддин Кабирӣ ва ифротиҳои ташкилоташро ба намоиш гузоштааст. 

Шуҳрат Шамсуддинов,
ходими илмии АИ ҶТ

Сарчашма: https://www.facebook.com/abdumanovabdusalom/posts/195538968428595 

Комментарии (0)

Оставить комментарий