< Эълони аввалин натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эълони аввалин натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон

Эълони аввалин натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон
Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки дар ду соати аввал наздики 24 дарсади овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонӣ иштирок карданд

Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар Тоҷикистон аз субҳи барвақт то 20:00 бо вақти маҳаллӣ кушода хоҳанд буд ва КМИР изҳор дошт, ки ҳар ду соат натиҷаҳоро эълон хоҳад кард.  КМИР хабар дод, ки дар соатҳои аввал наздики 24 дарсади овоздиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,9 миллион нафар арзёбӣ мешавад.

Тоҷикистониёни берун аз кишвар метавонанд дар 39 нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар 30 кишвари дунё ифтитоҳ шудаанд, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянд.

Дар қаламрави Русия нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва  Уфа фаъол мебошанд.

Ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 вакил-41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ интихоб мегарданд.

Мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон вакилони парлумон барои 5 сол то соли 2025 интихоб карда мешаванд.

Бар асоси омори КМИР дар интихоботи имрӯза барои 63 мақоми вакилӣ 241 номзад рақобат мекунанд.

Натиҷаҳои аввалия давоми 24 соат баъди анҷоми овоздиҳӣ ва хулосаи ниҳоӣ давоми ду ҳафта эълон хоҳанд шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий