< Автобус бо 45 тоҷикистонӣ дар Қазоқистон чаппа шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Автобус бо 45 тоҷикистонӣ дар Қазоқистон чаппа шуд

Автобус бо 45 тоҷикистонӣ дар Қазоқистон чаппа шуд
Дар шоҳроҳи вилояти Ақтобеи Қазоқистон автобус бо 48 мусофир чаппа шудаст, ки 45 нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил доданд

Дар шоҳроҳи Қарабутак- Костанайи Қазоқистон автобус бо мусофирони тоҷик чаппа шудаст, хабар медиҳад Sputnik Казахстан.

Ба иттилои пешакӣ, омили сар задани садама, яхбандии роҳ арзёбӣ мешавад. 

"Автобуси мусофирбар, ки самти Екатеринбург ҳаракат мекард, дар шоҳроҳи Қарабутак - Костанай аз сабаби лағжон будани роҳ ба канори масир баромада, чаппа шудаст", - омадаасат дар хабар.

Муайян гардидаст, ки дар дохили автобус ҷамъан 48 мусофир қарор доштанд ва 45 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.
Ҳамчунин се ронандаи автобус шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд.

Гуфта мешавад, бар асари чаппа шудани автобус ягон нафар аз мусофирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштанд ва пулиси роҳ фавран мусофиронро аз ҷойи ҳодиса интиқол додааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Қазоқистон айнан ба сабаби яхбандии роҳ автобус бо 50 мусофир дучори садама шуд, ки дар натиҷа як мусофир ҷон аз даст дод.

Комментарии (0)

Оставить комментарий