< Раиси вилояти Бодканд: қирғизҳову тоҷикон ду мардуми дӯст аз як рӯдхона об мехӯранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раиси вилояти Бодканд: қирғизҳову тоҷикон ду мардуми дӯст аз як рӯдхона об мехӯранд

Раиси вилояти Бодканд: қирғизҳову тоҷикон ду мардуми дӯст аз як рӯдхона об мехӯранд
Сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Қирғизистон умедвор аст, ки ихтилофоти ин ду кишвари ҳамсоя бар сари аломатгузории марзҳои муштарак дар ояндаи наздик ҳаллу фасл хоҳад шуд

 Назир Муҳаммадализода дар дидор бо Алишер Абдураҳмонов, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон тамоми талоши худро барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ ва омодасозии созишномаи ниҳоии аломатгузории марзҳои муштараки ин ду кишвари ҳамсоя ба харҷ хоҳад дод.

Вай таъкид кардааст, ки ба унвони сафири нави Тоҷикистон дар Қирғизистон саъй хоҳад кард, ки аз ҳар навъ бурӯзи даргирӣ ва танишҳо миёни соконини манотиқи марзии мавриди ихтилофи ду кишвар дар ноҳияҳои Исфара ва Бодканд ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Алишер Абдураҳмонов, раиси вилояти Бодканд низ дар ин дидор бо орзуи муваффақият ба сафири ҷадиди Тоҷикистон, аз қирғизҳо ва тоҷикҳо ба унвони ду мардуми дӯст ва бародар ёд кард.

“Мо мусалмон ҳастем ва аз як рӯдхона об мехӯрем, аз як роҳ истифода мекунем ва бозори муштарак дорем”, - гуфт раиси вилояти Бодканд.

Ёдовар мешавем, ки сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 450километри он бидуни аломатгузорӣ боқӣ мондааст. 

Пас аз мулоқот дар Батканд, ҷонибҳо протоколро дар бораи ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар имзо карданд.

Қобили зикр аст, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистону Қирғизистон  тақсимоти сарҳадотро ба анҷом нарасонданд. Дар ин робита, дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон пайвата низоъҳо рух медиҳанд.

Рӯзи сешанбе маълум шуд, ки даври навбатии мулоқотҳо ва гуфтушунидҳо оид ба демаркатсия ва демилитаризацияи марзҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи март дар Хуҷанд баргузор мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий