< Сӯхтори мудҳиши шабҳангом дар Суғд: чор узви як хонавода ҷон бохтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сӯхтори мудҳиши шабҳангом дар Суғд: чор узви як хонавода ҷон бохтанд

Сӯхтори мудҳиши шабҳангом дар Суғд: чор узви як хонавода ҷон бохтанд
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз як сӯхтори мудҳиш хабар медиҳад, ки дар натиҷаи он чор узви як хонавода ба ҳалокат расиданд

Сӯхтор дар хонаи истиқоматии сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Раҷабов Абдумавлон рух дод, ки ҷони ӯ ва ҳамсару ду кӯдакашро гирифт.

Ба иттилои раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, ҳодисаи сӯхтор шаби 25 - уми феврал, тақрибан соати 03:04 дақиқа рух додаст.

Ба оташнишонон даст надод, ки  ақалан ҷони яке аз чор узви ин хонаводаро наҷот диҳанд.

"Дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, сабаби он гардид, ки бошандагони хона дар дохил ҳалок шаванд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳамин тариқ падари ин хонавода Абдумавлон Раҷабови 28 - сола, ҳамсараш Сайида Раҷабоваи 25 - сола ва ду тифли онҳо Сафияи чорсола ва Кабирҷони сесола ба ҳалокат расиданд.

Феълан, мақомоти марбута сабаҳои сӯхторро таҳлил ва омилҳои марги аҳли хонаводаро тафтиш мекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий