< Ба Тоҷикистон наздик шуд: “Каронавирус” ба Афғонистон расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба Тоҷикистон наздик шуд: “Каронавирус” ба Афғонистон расид

Ба Тоҷикистон наздик шуд: “Каронавирус” ба Афғонистон расид
Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон аз мубтало як шаҳрванди ин кишвар ба коронавирусро тасдиқ кард

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Фирӯзиддин Фирӯз, вазири беҳдошт ва дармони Афғонистон ахиран дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, озмоишҳо нишон медиҳад, ки аз се мавриди машкук дар шаҳри Ҳирот яке аз онҳо ба бемории ношӣ аз коронавирус мубтало шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Бино бар иттилои манбаъ, Фирӯзиддин Фирӯз ба идораи беҳдошт ва дармони Ҳирот дастур дод аз ҳамаи имконоти худ барои муқобила бо коронавирус истифода кунад.

Афғонистон 33-умин кишвари ҷаҳон аст, ки коронавирус дар он сабт шудааст.

Коронавирус, ки авохири декабри гузашта барои нахустин бор дар шаҳри шаҳри Вуҳон дар вилояти Ҳубейи Чин мушоҳида шудааст.

Беш аз 76 ҳазор нафар токунун дар ҷаҳон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки  дар Эрон шумораи қурбониёни маризии сироятии "вируси тоҷдор" рӯ ба афзоиш аст. Хабаргузории Ирно аз қавли намояндаи расмии Вазорати беҳдошти Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур  хабар медиҳад, теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба коронавирус дар Эрон ба 12 тан ва теъдоди мубталоён ба 64 нафар расид.

Коронавирус, ки аз шаҳри Вуҳани Чин густариш ёфт, акнун илова бар ин кишвар ба беш аз 25 кишвари дигар аз ҷумла Амрико, Англия, Австралия, Тайланд, Кореяи Ҷануӣ, Жопон,Канада, Фаронса, Арабистон ва Иморот ҳам гузаштааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 76 ҳазор нафар дар Чин ба ин вирус мубтало шудаанд ва беш аз 2 ҳазору 300 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий