< Оғози гуфтушунидҳо бо Қирғизистон: Азим Иброҳим ба Ботканд рафт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оғози гуфтушунидҳо бо Қирғизистон: Азим Иброҳим ба Ботканд рафт

Оғози гуфтушунидҳо бо Қирғизистон: Азим Иброҳим ба Ботканд рафт
Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон барои ҳалли қазияи марзӣ ба вилояти Ботканд сафар карданд. Он ҷо мақомоти тоҷик бо намояндагони ҳукуматии Қирғизистон мулоқот хоҳанд кард

Дар Ботканд нишшасти ҳайати ҳукуматии Тоҷикистону Қирғзистон дар масоили марзӣ оғоз шуд, гузориш додааст дафтари матбуоти Ҳукумати Қирғизистон.

Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим ва Қирғизистонро низ муовини сарвазир Акрам Мадумаров намояндагӣ мекунанд.Афзун бар ин, ба ҳайати ҳукуматии ҳарду кишвар мақомдорони низомӣ ва роҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд шомиланд.

Ҷонибҳо дар суханронии муқаддимавиашон ҳарду умед бар ҳалли ҳарчи зудтари масоли марзӣ байни ду кишвар бастаанд.

Дар рӯзномаи маҷлис кори ояндаи ҳайатҳои ҳукуматӣ дар муайян кардани хати марзи давлатӣ, масоили таҳкими амнияти марзӣ ва ҳамкориҳо баррасӣ гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий