Панҷ иттиҳом нисбати Хӯҷа-Командир. Назари пайвандонаш дастрас нест

Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, алайҳи Хӯҷа Каримов маъруф ба Хӯҷа-Командир, бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Назари худи Хӯҷа Каримов, ки дар оғози ҳафта аз Дубай ба Душанбе истирдод шуд ва ҳамчунин назари наздикон ё вакилаш дар ин бобат феълан дастрас нест.
Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тариқи телевизионҳои давлатӣ аз шаҳрвандон даъват карданд, ки агар нисбат ин фармондеҳи пешини Фронти халқӣ ягон даъвое доранд, ба мақомот муроҷиат намоянд.
Масъулини Дафтари матбуотии ВКД мегӯянд, то имрӯз алайҳи Хӯҷа Каримов бар асоси панҷ банди Кодекси ҷиноӣ аз ҷумла одамкушӣ, гаравгонгирӣ, азобу уқубат, бандитизм ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон, парванда боз шудааст. Аммо мақомот рад намекунанд, ки бо дарёфти шикоятҳо мумкин аст алайҳи фармондеҳи пешини Фронти халқӣ боз бо иттиҳомҳои дигар низ парванда боз шавад.
Шоми 19-уми феврал мақомоти Вазорати умури дохилӣ бо пахши барномае аз тариқи телевизионҳои давлатӣ аз мардум даъват карданд, ки "агар вобаста ба ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрванд Каримов Хӯҷа Раҳимович маълумот ва далеле доред ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор гирифтаед", ба мақомот муроҷиат намоянд.
Дар ин барнома навори бозпурсии Хӯҷа Каримов низ намоиш дода шуд, вале маълум нест, ки ӯ дар ин бозпурсиҳо чӣ гуфтааст ва то куҷо ба иттиҳоми эълонкардаи мақомот розӣ аст. Дар навор Хӯҷа Каримов хеле хаста ба назар мерасад ва танҳо ин ҷумларо аз тариқи телевизион аз забони ӯ пахш карданд, "ман Каримов Хӯҷа Раҳимович соли таваллуд 1 октябри соли 1960 зодаи деҳаи Қизилқалъа ноҳияи Ғозималик, вилояти Хатлон".
Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбати Хӯҷа Каримов парванда боз кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад. Бо гузашти панҷ рӯз аз истирдоди Каримов ба Душанбе, назари пайвандон ва вакили дифои ӯ дастрас нест.
Муродбегим Раҳимова, хоҳари Хӯҷа Каримов, дар як сӯҳбаташ бо нашрияи "Азия-Плюс" дар чанд сол пеш гуфта буд, "ӯ дар овони хурдӣ боистеъдод буд ва ба хондану варзиш, бахусус футбол шавқ дошт".
Раҳимова гуфтааст, Хӯҷа Каримов дар зодгоҳи худ барои бепарасторон ва пирони танҳо хонаву боғча пӯшида, ният доштааст, як бемористон ҳам бисозад.
Вале бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта муттаҳам мекунанд.
Ин фармонеди пешини Фронти халқӣ моҳи июли соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт ва рӯзи 16-уми феврал ба Душанбе истирдод шуд.
Вай аз соли 2008-ум боз таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Бино ба хабарҳо, солҳои охир дар Малайзия мезист ва тиҷорат мекард.
Комментарии (0)