Донишмандони тоҷик ба дастнависҳои нодири Эрон дастрасӣ пайдо мекунанд

Ҳамкориҳои миёни мақомоти бойгонӣ ва китобхонаҳои миллии Тоҷикистону Эрон тақвият меёбад. Ин масъаларо сафири тоҷик бо ноиби раиси Ҷумҳурӣ, раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон Ашрафи Бруҷердӣ баррасӣ кардааст
Рӯзи 13 сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ноиби раиси Ҷумҳурӣ, раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон Ашрафи Бруҷердӣ дидору мулоқот кардааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷӣ, зимни ин дидор, ҷонибҳо доир ба фароҳам овардани имконоти дастрасии олимону донишмандони ду кишвар ба захоири китобҳои рақамӣ ва дастнависҳои мавҷуда, истифода аз асноди бойгонӣ дар пажӯҳишҳои таърихиву фарҳангӣ ва табодули таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар изҳори назар намудаанд.
Манбаъ афзуда, ки тарафҳо роҳандозии ҳамкориҳо миёни мақомоти бойгонӣ ва китобхонаҳои миллии ду кишварро ба нафъи равобити дуҷонибаи илмиву фарҳангӣ арзёбӣ намудаанд.
Комментарии (0)