< Наврӯзи пуршукӯҳ: дар Душанбе омодагӣ ба таҷлили ҷашн оғоз шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Наврӯзи пуршукӯҳ: дар Душанбе омодагӣ ба таҷлили ҷашн оғоз шуд

Наврӯзи пуршукӯҳ: дар Душанбе омодагӣ ба таҷлили ҷашн оғоз шуд
Раиси шаҳр масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор намуд

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2020  тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  ба имзо расид.

Иқдоми  мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангиву бадеӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз  дар шаҳри Душанбе ва бо ин восита ба   худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ҳидоят намудани аҳли ҷомеа роҳандозӣ мегардад.

Раиси шаҳр   масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо  баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор намуд.

 21 марти соли 2019 бо иштироки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий