< Дар кӯчаҳои Хоруғ ҷевонҳои китобдор ва барқдиҳанда пайдо шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар кӯчаҳои Хоруғ ҷевонҳои китобдор ва барқдиҳанда пайдо шуданд

Дар кӯчаҳои Хоруғ ҷевонҳои китобдор ва барқдиҳанда пайдо шуданд
Истифодаи китобҳо ройгон буда, кас метавонад дар муддати барқнок кардани телефонаш ба мутолиаи китоб машғул шавад

 Дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон китобхонаҳо пайдо шуданд.


Ҷевонҳои шишагиро Ташкилоти ҷамъиятии "Умедвор" дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помирэнерҷӣ" дар кӯчаҳои шаҳр гузоштааст.

Дар ин бора дар саҳифаи расмии фейсбукии ташкилот хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки ширкати "Помирэнерҷӣ" 1400 китобро дар ин ҷевонҳо ҷой додааст.

Китобҳо бо се забон, тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ мебошанд. Ҷевонҳо бо дизайни замонавӣ сохта шудаанд.

Роҳбари ТҶ "Умедвор" Маҳмуд Раҳимбеков дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" гуфтааст, ки  "чанд соли охир дар мамлакат барои ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ва ҳам ҷавонону калонсолон ба мутолиаи китоб аҳамияти хосса зоҳир мешавад. Амрҳои Президент  дар бораи нашри китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ва идомаи озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Тоҷикистон- ватани азизи ман" моро водор намуданд, ки  дар амалӣ намудани ин иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат  нақши худро гузорем".

Комментарии (0)

Оставить комментарий