Шикори ғайриқонунии гӯсфанди нодири “Марко-Поло” дар Мурғоб

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти автомашинаи тамғаи “Митсубиси-Паҷеро” бо гумони шикори ғайриқонунӣ хабар медиҳад
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғоб ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғоб автомашинаи тамғаи “Митсубиси-Паҷеро”, таҳти идораи ронандаи 32-солаи сокини деҳаи Бердибек бо гумони шикории ғайриқонунӣ боздошт карда шуд.
"Дар вақти азназаргузаронии автомашинаи мазкур, аз дохили бағоҷ 27 килову 15 грамм гушти гӯсфанди “Марко-Поло” дарёфт ва мусодира карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки муайян карда шудааст, ки гӯшти гирифташуда ба мусофири автомашинаи мазкур марди 36-солаи сокини деҳаи Мурғоб тааллуқ доштааст.
Ин ниҳод зарари расонидашуда 232 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Мақомоти мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)