ҲАМЛАИ МУСАЛЛАҲОНА БА ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ (НАВОР)

Шоми 9 феврал дар назди қаҳвахонаи «Звёздочка» дар шаҳри Сергиев Посади вилояти Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳонаи як гуруҳи ҷавонони ношинос қарор гирифтанд. Ҳамлагарон ибтидо мошини «Ниссан Алтима»-ро, ки дар дохилаш ду ҷавони тоҷики 24 ва 30-сола қарор доштанд, тирборон карда, сипас ҳардуро аз мошин фароварда латтукӯб карданд. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки ду ҷавони тоҷик талош мекунанд, аз дасти ҳамлагарон фирор кунанд, вале онҳоро дарёб карда, бо мушту лагат аз по меафтонанд ва корд ҳам мезананд. Дар охир як ҳамлагар, ки дар даст пистолет дорад, ба тарафи онҳо тир меандозад. Баъди ин ҳамлагарон, ки шумораашон ягон 7-8 нафар буд, дар ду мошин нишаста, аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд. Пулиси ҳанӯз ҳамлагаронро пайдо накардааст. Дар ҷои ҳодиса танҳо ду ҷавони тоҷики захмиро пайдо карданд ва ҳардуро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд.
Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Маскав ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона ба зидди шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Сергиев Посадро тасдиқ карда гуфтааст, ки дар ин ҳодиса ду нафар захмӣ шуданд. Дар ин бораи хабаргузории ТАСС хабар дод.
Манбаи «Комсомольская правда» нақл кардааст, ки муноқиша дар қаҳвахонаи «Звёздочка» сар зад. Ба гуфтаи вай, дар инҷо дар ду мизи ҳамсоя ду гуруҳи мардони маҳаллӣ ва зодагони Осиёи Миёна нишаста буданд.
«Гапи байни онҳо гурехт ва муноқиша сар шуд. Баъди ин онҳо ба берун баромаданд», - нақл кардааст ин шоҳид. Ба гуфтаи вай, яке аз иштироккунандагони занозанӣ дар дасташ пистолети травматикӣ дошт.
Дар пайи баланд шудани садои тирпарронӣ шоҳидон ба пулис хабар додаанд, вале вақте кормандони пулис ба ҷои ҳодиса расиданд, дар онҳо танҳо ду шаҳрванди тоҷики захмиро пайдо карданд. Ҳардуро дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд.
Видео аз ҷои ҳодисаро гуруҳи «Огонь» дар шабакаи «Вконтакте» нашр кардааст.
В Сергиевом Посаде, возле кафе "Звездочка" толпа расстреляла и отдубасила по первое число двоих парней из Таджикистана.
У нас хоть и не Казахстан, но народ тоже не дремлет. Вчера ночью в Сергиевом Посаде, возле кафе "Звездочка" толпа расстреляла и отдубасила по первое число (в том числе ножами) двоих парней из Таджикистана. Пострадавшие в критическом состоянии. Судя по повадкам нападавших, основные претензии - именно к происхождению ребят.
К автомашине "Ниссан-Альтима", в которой находились двое уроженцев Таджикистана 24 и 30 лет, подбежали несколько неизвестных. Они обстреляли иномарку, затем вытащили азиатов из машины и начали их избивать, а также причинили множественные ножевые ранения.
Пострадавшие в крайне тяжелом состоянии были госпитализированы. Задержать преступников не удалось.
Комментарии (0)