< Чеҳрасозии дурӯғини «тоҷикӣ» аз вуҷуди ҷинояткори ғаддори миёнаомор » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чеҳрасозии дурӯғини «тоҷикӣ» аз вуҷуди ҷинояткори ғаддори миёнаомор

Чеҳрасозии дурӯғини «тоҷикӣ» аз вуҷуди ҷинояткори ғаддори миёнаомор

Ту фитна кардиву тоҷику турк муттаҳаманд,
Ки раҳ ба фитна гушоданд мулки султонро.
                                                         (Қоонии Шерозӣ)

Фазои маҷозии сегменти тоҷикӣ аз куништу вокунишҳои ҳеҷкорони ҳамадон, ки яке худро нависандаву дигаре блогеру шоир ва саввумӣ – вундеркингу сиёсатмадор мепиндоранд моломол аст. Бренди имрӯзи ин муфтхӯрони ландаҳӯр ва туъмаи тайёри баҳсу мунозира – Далер Шарипов аст. Резахорони наволаи хони истеъмори  ҷаҳонӣ дар ниқоби дину диёнат аз Далер Шарипов - овораву бекора, ки новобаста аз чалласаводии фитрӣ бо пуррӯйи аҷиб дар бораи пайғамбари ислом даъвои навиштани рисола кардааст,бут месозанд, ин ҳамаро ба тааҷҷуб овардааст. Забони бефаровези онҳо вожаҳои «журналисти тоҷик», «хабарнигори маъруфи тоҷик», «блогери тоҷик», «шахсияти мондагори тоҷик», «ҷазираи ҳақиқатёби тоҷик», «қаламфарсои саршиноси тоҷик»-ро бемаҳдуду андоза нисбат ба Далер Шарипов  раво медонанд. Агар ба умқи ин лақабгузориҳо реша давонӣ, то чӣ андоза камранг сохтани калимаи волои «тоҷик»-ро мутлақо ба мушоҳида мегирӣ. Тоҷике, ки Амир Хусрави Деҳлавӣ бар асолати меҳвари ин миллат ишорат карду «Тоҷики гарданкаши лашкаршикан, Бештарӣ найзавару теғзан» нидо мекард, бо қабоҳату разолати вопасгароёни кӯтаҳбини азалӣ, мансубияти миллии нобро ба ҳазлу шӯхӣ мегиранд ва ҷуръат пайдо мекунанд нисбат ба ҳар як аслбохтаву бегонапараст, роҳзани сари роҳу  дузди ғаддор сӯистифода намоянд. Агар ин беҳудасозони кӯчагард ба таърихи на чандон дури миллати тоҷик ва шахсиятҳои таърихсози аслӣ менигарастанд, медиданд, ки полковник Аҳтамов Хайриддин, афсари марзбон то ҷон дар рамақ дошт, нагузошт нохалафе модарбахатое оқии падар ба хоки муқаддаси Тоҷик по гузорад. Вале ҳайҳот, ки номи ин афсари ҷонфидо сари забонҳо нест ва «Озодӣ»-ву «Ахбор.ком» ҷасорати ба забон гирифтани номи ин қаҳрамонро надоранду исми тоҷикро дар радифи номи ин бузургвор намегузоранд ва раво намедонанд. Оё медонанд, ки генерал-майори амният  Рустам Амакиев дар дараи Ромит бо як ҷоннисории беҳамто ба сӯи душман рафту ҷони ҷавони худро фигор кард, вале на ягон расонаи беору решахароб номи тоҷикро ба он талаби бояду шояд, ки интизораш мерафт ба Рустами достон оид накард, нисбат надод?! Ин ҳалқаҳои лаҷомгусехтаи аз банди зиндон раҳохӯрда намедонанд, ки як корманди милисаи одӣ подполковник ИБРОХИМОВ ФАРРУХ ФУРҚАТОВИЧ, муовини командири баталон оид ба кисмҳои ҳарбӣ-техникии қисми ҳарбии №3502-и ВКД ҳини дар рухсатӣ дар шаҳри Конибодом будан чун мебинад, ки сӯхтор дар хонаи ҳамсоя ба вуҷуд омадааст, суханони шоирро «Ҷон ба раҳи Ватан фигор, ман накунам, ки мекунад?!» шиор карда, бемулоҳиза худро ба миёни оташ мезанад ва то лаҳзаи охирин, ки аз вуҷудаш дуд мерехту баданаш аз сӯхтан менолид, тифли ғарқи оташро раҳо мекунад. Дар ин роҳи пурифтихор ҷон дод. Ин қаҳрамонии бемислу монанд аз мадди назари доираҳои яксӯбин дур монд. Пӯшиши хабарӣ нагирифт, номи тоҷик боз ҳам дар паҳлӯи ин қаҳрамон ҳазф шуд. Танҳо ба он хотир, ки ӯ корманди давлатӣ буд ва намедонист, ки гурӯҳҳои нотавонбин миллатро ба тоҷики асилу ноасил ҷудо кардаанду асли номи миллатро ба нафароне қобили қабул медонанд, ки  ӯ дар таҳти заррабини онҳо нест.

Ҳамин тариқ, ҳолати навиштории гурӯҳҳои барҷомондаи ба ном журналистиро дида, ҳарфҳои  нависанда Сорбон ба хотир меояд, ки «мо ҳунари аз ҳеҷ чиз як чиз сохтанро ёд нагирифтему аз ҳеҷ кас як кас сохтанро ёд гирифтаем».   
        
Кас надонад ин Ҳаюло рӯҳи инс аст, ё ки ҷин,
Бо бузургони ҷаҳон худро шуморад ҳамнишин. 

Салимов Акбар, ходим калони илмии Академияи илмҳои  
                        Ҷумҳурии Точикистон

Сарчашма: https://www.facebook.com/groups/dilshod.rahmonov.16051988/permalink/551399025467477/

Комментарии (0)

Оставить комментарий