< Талоши Кумитаи дин барои баргардонидани маҳбусон аз роҳи ифротгароӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Талоши Кумитаи дин барои баргардонидани маҳбусон аз роҳи ифротгароӣ

Талоши Кумитаи дин барои баргардонидани маҳбусон аз роҳи ифротгароӣ
Раиси Кумитаи дин зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки барои аз роҳи ифротгароӣ баргардондани нафарони маҳкумшуда миёни маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон корҳои ташвиқотӣ бурда мешавад

Давлатзода Сулаймон, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ таъкид кард, ки кормандони Кумита бо маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон кор мебаранд.

Ба гуфтаи вай, корҳои ташвиқу тарғиботӣ дар маҳбасҳо миёни нафарони зиндоншуда  вуҷуд дорад.

“Мо як нақшаи кории муштарак бо сарраёсати корҳои ислоҳӣ дорем. як гурӯҳи кории махсус ташкил карда шудааст. Бо ширкати ходимони дин ва коршиносони маркази исломшиносӣ ва маркази исломӣ бо нафарони маҳкумшуда дидору вохуриҳо мегузаронем”.

Вай гуфт, ин иқдом ба хотири аз роҳи бад ва ифротгароӣ баргардонидани  шахсони маҳкумшуда мебошад.

Ҳамчунин раиси Кумитаи дин ба рӯзнаманигорон пешниҳод кард, ки дар давраҳои баъдӣ онҳо метавонанд дар яке аз чунин дидорҳо ҳамроҳ бо кормандони Кумита иштирок намоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий