< Раҳмон мудири нави Маркази тадқиқоти стратегии назди Президентро таъин кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон мудири нави Маркази тадқиқоти стратегии назди Президентро таъин кард

Раҳмон мудири нави Маркази тадқиқоти стратегии назди Президентро таъин кард
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон амру фармонҳои президент ва қарорҳои Ҳукумат дар бораи таъиноти кадрии ахирро ироа кард

Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон қарорҳои Ҳукуматро, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз имзо кард, пешниҳод намуд.


Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед Машхул, ки то ин дам муовини якуми мудириМаркази тадқиқоти стратегии назди Президент буд, ҳамакнун директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Дар ин росто, Қодирзода Диловар Баҳриддин, ки то ин дам мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод гардид.

Қодирзода Диловар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон муовини Вазири маориф таъин шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий