< Бистарӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар паи таркиш ва сӯхтор дар Қазоқистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бистарӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар паи таркиш ва сӯхтор дар Қазоқистон

Бистарӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар паи таркиш ва сӯхтор дар Қазоқистон
Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон кору фаъолият мекунанд, дар паи таркиш дар Уралск захмӣ шуданд

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар паи таркиши баллони газ дар Уралски Қазоқистон ҷароҳатдор шуданд, хабар медиҳад мортали хабарии "Мой город".

Қазия дар майдони сохтмонӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон он ҷо кор мекарданд, ба вуқӯъ пайвастааст. Бино ба гузориши манбаъ, сохтмончиён баллони газро бо ёрии гармкунаки тафдор гарм кардаанд.

"Дар паи гарм шудани баллони газ таркиш ба амал омад. Дар натиҷа девор ва сақфи сохтмон, ҳудуди 80 метри квадратӣ сӯхт. Сӯхтор, соати 18.39 бо вақти маҳаллӣ аз ҷониби оташнишонон хомӯш карда шудааст", - гуфтааст дар суҳбат, сардори Раёсати оташнишонӣ Ерлан Туределдиев.

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар паи сӯхтор ва таркиш се кас ҷароҳатдор шудааст, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористон қарор доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий