< Прокуратураи генералӣ: Абу Довуд ва Абу Усома Норакӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Прокуратураи генералӣ: Абу Довуд ва Абу Усома Норакӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд

Прокуратураи генералӣ: Абу Довуд ва Абу Усома Норакӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд
Додситони кулли Тоҷикистон мегуяд, шаҳрвандони боздоштшудаи ин кишвар, ки дар зиндонҳои Сурия қарор доранд, ҳатман ба Тоҷикистон баргардонида ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд

 Ин нукта дар нишсати матбуотӣ Прокуратураи генералии Тоҷикистон расонаӣ шуд.

Зафар Юсуфӣ, корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфт, Парвиз Саидраҳмонов, маъруф бо лақаби Абу Довуд, ки дар яке аз маҳбасҳои Сурия қарор дорад, дар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Зафар Юсуфӣ ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои ба Тоҷикистон истирдод намудани Парвиз Саидраҳмонов маъруф бо лақаби Абу Довуд як қатор корҳо анҷом дода шудааст ва Прокуратура ӯмедвор аст, ки ин масъала ҳалли худро дар рӯзҳои наздик пайдо мекунад ва ӯ ба Тоҷикистон истирдод дода мешавад.

Инчунин вай афзуд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ғайр аз Саидраҳмон Парвиз маъруф бо лақаби Абу Довуд шахсияти дигар роҳаброни гурӯҳи террористӣ, ки ба ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои пайваста бо гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ машғул буданд ва ҳоло дар маҳбасхонаҳои давлати Сурия қарор доранд, муайян намудааст.

Аз ҷумла Додситони шахсияти Тоҷиддин Назаров, маъруф бо лақаби Абу Усомаи Норакиро муайян намудааст.  

Дар ҳамин ҳол, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ илова кард, ки нафароне, ки дар сурия ва Ироқ дастгир шудаанд ҳатман ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар онҳоро ҳатман ба ҷавобгарӣ мекашад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий