< Маълум шуд, "Наврӯз" - и соли 2020 дар куҷо ва чигуна таҷлил мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маълум шуд, "Наврӯз" - и соли 2020 дар куҷо ва чигуна таҷлил мешавад

Маълум шуд, "Наврӯз" - и соли 2020 дар куҷо ва чигуна таҷлил мешавад
Тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ соли равон дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 январи соли 2020, №32 ба тасвиб расидааст

Тибқи раиси вилояти Суғд, Раҷҷаббой Аҳмадзода Наврӯзи байналмилалии соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти вилоят.

Бино ба иттилои манбаъ, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани тантанаҳои наврӯзӣ ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, шуъбаву раёсатҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯз вазифадор гардидаанд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда бахшида ба Иди Наврӯз ташкилу баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла гузаронидани ҳашарҳои оммавии вилоятӣ, аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил”, мусобиқаҳои миллии “Пойга”, “Бузкашӣ”, мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, аёдати шахсони барҷомонда, ятимону маъюбон дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар сотонаи Наврӯз, дар ҳудуди вилоят, Фестивали “Сайри гули лола”, маҳфили “Фасли Наврӯз ба ин давраи фирӯз омад”, озмунҳои “Бонуи наврӯзӣ”, “Маликаи баҳор”, “Арӯси наврӯзӣ”, “Ҳафт син”, “Ҳафт шин”, “Нақшхони беҳтарин”, “Наврӯз – ҷашни ниёгон” ва ғайраҳо баргузор хоҳад гардид.

Наврӯз куҳантарин иди мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикистониён аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.

Наврӯз иди эҳёи табиат буда, ҳамчун ҷашни Соли нав низ шинохта мешавад. Наврӯзро дар баробари мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин қавму миллатҳои зиёде таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий