< Ҳалокати шаҳрванди 24 -солаи Тоҷикистон дар Петербург: аз ошёнаи 17 ба замин сарозер шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳалокати шаҳрванди 24 -солаи Тоҷикистон дар Петербург: аз ошёнаи 17 ба замин сарозер шуд

Ҳалокати шаҳрванди 24 -солаи Тоҷикистон дар Петербург: аз ошёнаи 17 ба замин сарозер шуд
Шаҳрванди 24 - солаи Тоҷикистон, ки тоза ба кор дар сохтмони биноҳои истиқоматӣ даромад, аз ошёнаи 17 - уми бинои сохтмонаш нотамом сарозер шуд

Дар Санкт - Петербург як тоҷикистонӣ ҳини аз ошёнаи 17 - уми бинои сертабақа ба замин сарозер шудан, ба ҳалокат расид.

Дар ин бора Невские Новости бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Санкт - Петербург хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди 24 - солаи Тоҷикистон чанд рӯз қабл ба кор дар як ширкати сохтмонӣ, ки ба сохтусози бинои истиқоматии "Сэтл Сити" машғул аст, даромада буд.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи нохуш рӯзи 21 - уми январ дар хиёбони Комендантский рух додаст. Муҳоҷири тоҷик баробари ба замин сарозер шудан, дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст додаст.

Гуфта мешавад, феълан дар робита ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Зимнан, кормандони пулис пас аз тафтиш намудани ҳуҷҷатҳои муҳоҷири ҳалокшуда, ягон қоидавайронкунӣ ошкор накарданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий