< Президент се мушклии асосии низоми қарздиҳии бонкҳои Тоҷикистонро гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Президент се мушклии асосии низоми қарздиҳии бонкҳои Тоҷикистонро гуфт

Президент се мушклии асосии низоми қарздиҳии бонкҳои Тоҷикистонро гуфт
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Бонки миллӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумат ва ҳангоми ҳисоботи раиси Бонки миллии Тоҷикистон се сабаби асосии коҳиш ёфтани фаъолияти қарздиҳӣ дар Тоҷикистонро шарҳ додааст.

Дар назди президент раиси "Амонатбонк" Икромӣ Сироҷиддин ва раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

"Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳа таъкид доштанд, ки дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиш ёфтани хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст", - менависад дафтари матбуоти президент.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки миллӣ дастур додааст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий