< Дар Душанбе хатсайри нави мусофирбарии рақами 33 ба роҳ монда мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе хатсайри нави мусофирбарии рақами 33 ба роҳ монда мешавад

Дар Душанбе хатсайри нави мусофирбарии рақами 33 ба роҳ монда мешавад
Дар шаҳри Душанбе аз 24-уми январ хатсайри нави мусофирбари №33 (Фурудгоҳи кӯҳна – маҷмааи савдои «Кӯшониён») ба роҳ монда мешавад

Аз 24-уми январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе хатсайри нави мусофирбарии рақами 33 ба роҳ монда мешавад.

Дар ин бора дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

"Дар хатсайри нав ба сокинону меҳмонони пойтахт автобусҳои муосири тамғаи "АКИА" тавассути хиёбону кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ хизмат мерасонанд", - омадааст дар хабарнома.

Бояд гуфт, ки микроавтобусҳои хатсайри рақами 33 бо роҳи пешина равуо хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар роҳҳои Душанбе маршрутҳои дар Тоҷикистон банду бастшуда, пайдо шуданд. Ҳоло шумораашон начандон зиёд аст, чун ин даври озмоишии маршрутҳо мебошад.

Дар умум дар кӯчаҳои Душанбе се навъи маршруткаҳо - панҷдонаӣ аз ҳар намуд ба сафари озмоишӣ бароварда шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий