< "Мо барои ҳар ваҷаб ҷон меканем": Раззоқов фурӯши замин ба тоҷиконро хиёнат гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Мо барои ҳар ваҷаб ҷон меканем": Раззоқов фурӯши замин ба тоҷиконро хиёнат гуфт

"Мо барои ҳар ваҷаб ҷон меканем": Раззоқов фурӯши замин ба тоҷиконро хиёнат гуфт
Муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов фурӯши манзилҳо ба тоҷиконро ғайри қобили қабул медонад

 Муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов қирғизҳоеро, ки манзилҳояшонро дар минтақаҳои наздимарзӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон мефурӯшанд, хиёнаткор номид, менависад 24.Kg.

"Мо барои ҳар як ваҷаби замин ҷонканӣ мекунем. Бахше аз қирғизистониҳо бошанд хонаву манзилашонро мефурӯшанд, ин ғайриимкон аст. Ин замини мост. Замини моро мефурӯшанд. Сокинони маҳаллӣ бояд ин гуна одамонро, ки манзилҳои худро дар минтақаҳои наздимарзӣ мефурӯшанд - хиёнаткор бигӯянд. Бале, дар муносибат бо давлати худ - ин хиёнаткорист", - гуфт ӯ.


Дар баробари ин раҳбари ВКД Қирғизистон, Кашкар Ҷушуналиев сокинони наздимарзиро, ки бо тоҷикон даргир мешаванд, танқид кард.

Вазир аз он хашмгин шуд, ки дар қазияи рӯзи 11 январ - муноқишаи миёни тоҷикону қирғизҳо ҷониби Қирғизистон дар пеши кормандони қудратӣ тоҷиконро сангборон кард.

Ёдрас мешавем, ки ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14 январ, ба ин тавофуқ расиданд, ки дар навбати аввал аз 467 километри марзи баҳсӣ 114 километри онро таъйин ва аломатгузорӣ кунанд

Дар баробари ин дар ояндаи наздик дар минтақаҳои баҳсӣ чароғаки роҳнамо ва камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро кушта ва зиёда аз 60 нафарро захмӣ ба ҷой гузоштааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий