< Дар Суғд бар асари сӯхтор 8 нафар ба ҳалокат расидаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Суғд бар асари сӯхтор 8 нафар ба ҳалокат расидаанд

Дар Суғд бар асари сӯхтор 8 нафар ба ҳалокат расидаанд
Соли гузашта бар асари 445 ҳолати оташсӯзӣ дасти кам 8 нафар ҷон бохтанд, ки се нафари онҳоро ноболиғон ташкил доданд

Шумораи ҳолатҳои оташсӯзӣ дар вилояти Суғд давоми соли 2019 дар муқоиса ба як соли пеш 12 ҳолат бештар ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад сомонаи SuqdNews.

Ба иттилои манбаъ,  оташсӯзиҳо ба вилояти Суғд ҷамъан 4 миллиону 900 ҳазор сомонӣ хисорот ба бор оварданд. Дар баробари ин? оташнишонҳо тавонистанд молу амволи ҷабридидаҳоро ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ аз нобудшавӣ наҷот диҳанд.

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои сӯхтар аслан дар шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Гулистон ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Зафаробод рух додаанд.

Зикр гардидаст, ки омили асосии оташсӯзиҳо риоя накардани қоидаҳои истифодаи асбобҳои барқӣ ва хунукназарӣ нисбати сӯхтор мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий