Пас аз муноқиша дар марз: Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро барканор кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармон сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро аз вазифа озод кард
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири нави Тоҷикистон дар Қирғизистонро таъйин кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Сӯҳроб аз вазифаи Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон озод гардид.
Ба ҷои Олимзода ба ин симмат Ализода Назирмад таъин гардид.
Ёдрас мешавем, ки ҳафтаҳои охир вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мураккаб шуд. Сокинони наздимарзии ду кишвар ҳамдигарро дар нотинҷ кардани вазъ айбдор мекунанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 10 январ вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, Чингиз Айдарбеков сафири вақти Тоҷикистон дар Қирғизистон Олимзода Сӯҳробро ба наздаш хонда ба ӯ нотаи эътироз супурд.
Вазири қирғиз ҳамчунин масъалаи марзиро бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин баррасӣ кард.
Рӯзи 11 январ вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ва Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков телефонӣ баррасӣ карданд.
Ҳамчунин қарор аст, ҳайати расмии мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 14 январи соли равон вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.
Комментарии (0)