< Сардор Маҳмадзода: сухангӯи нави ВКД кист? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сардор Маҳмадзода: сухангӯи нави ВКД кист?

Сардор Маҳмадзода: сухангӯи нави ВКД кист?
Чанде қабл Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон фармони барканории Умарҷони Эмомалӣ аз вазифаи сардори маркази матбуоти вазоратро имзо кард ва расонаҳо аз таъйини Нусратулло Маҳмадзода ба ҷои ӯ хабар доданд

Полковник Умарҷони Эмомалӣ аз соли 1999 ба мақомоти корҳои дохилӣ пайваста, аз 2016 то 3 январи соли равон Маркази матбуоти ВКД – ро раҳбарӣ мекард. Расонаҳо ӯро аз дастрастарин сухангӯёни ҳукумати Тоҷикистон тавсиф кардаанд.

Он чӣ дар бораи Нусратулло Маҳмадзода расонаҳо хабар доданд, ин буд, ки мавсуф таҷрибаи кор дар ВКД-ро дошта, барномаи "Ахбори ВКД"-ро дар телевизиони давлатӣ таҳия мекард.

Дар иттилоияе, ки аз маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастраси Sputnik Тоҷикистон шуд, Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад (дар гузашта Нусратулло Саидов) "сардори Маркази матбуот" муаррифӣ шудааст.

Маҳмадзода майори милитсия буда, 25 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик ва хатмкардаи факултети забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Академияи ВКД – и Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос мебошад. Ӯ фаъолияти худро дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2008 шурӯъ кардааст.

"Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад сухангӯи бахши матбуотии РВКД дар шаҳри Душанбе (2008 - 2011), муовини сардори Маркази матбуоти ВКД (2011-2012), ваколатдори калони оперативии Раёсати амнияти дохилии ВКД - и Тоҷикистон (2012-2013) ва муовини сардори Маркази матбуоти дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ (декабри соли 2013 то 3-юми январи соли 2020) буд", - омадааст дар иттилоияи Маркази матбуоти ВКД – и Тоҷикистон.

Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад 3 январи соли 2020 бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сардори Маркази матбуоти дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин карда шуд.

"Дар давоми фаъолият барои хизматҳои арзанда ӯ бо ифтихорномаву раҳматнома, нишонҳои сарисинагии “85-солагии милитсияи тоҷик”, “Барои хизматҳои аъло дар ВКД”, медалҳои “Садоқат”, “Милитсияи тоҷик” ва “Хизмати шоиста” аз ҷониби роҳбарияти ВКД қадрдонӣ карда шудааст", - омадааст дар иттилоия.

Ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст. Ин манбаъ меафзояд, Маҳмадзода яке аз ҳирфаиёни соҳаи иттилоотии умури корҳои дохилӣ буда, таъйиноташ бо иттифоқи назари раҳбарияти вазорат сурат гирифтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий