
07.01.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Собиров Умед Шокирович 1980 с/т, истиқ. ш.Панҷакент, кӯч. К.Маркс х.10 пеш бо моддаи 247 қ.4 КҶ ҶТ суд шудааст дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 11.06.2011 сол бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Фатҳуллоев Асрор Сайфуллоевич 1951 с/т, истиқ. кӯч. Ғафуров х.34/2, ҳ.105 даромада, аз ӯ 27.500 доллари ИМА-ро гирифта ваъда додааст, ки ба ӯ аз бинои истиқомати, воқеъ дар кӯч. А.Донишро гирифта ба ӯ ҳуҷатгузори карда медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки хонаи истиқоматии мазкурро ба шаҳрванд Одилов Дилшод Сайдалиевич 1986 с/т истик. кӯч. П.Толис х.104/А ба маблағи 210.000 сомонӣ фурухтааст. Нисбати шаҳрванд Сабиров У.Ш, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 КҶ ҶТ оғоз карда шуд.
Комментарии (0)