
07.01.2020 шаҳрванд Саёҳати Абдуғаффор 1991 ст, истиқ. ҷ/д А.Ҳасанов, деҳ. Баракат, ба ШВКД н.Шаҳринав муроҷиат намуд, ки моҳи сентябри соли 2019 шахси номаълум, ба хонаи истиқоматиаш даромада ӯро бо корд таҳдиди кушатан намуда аз ӯ маблағи пули талаб намудааст. Шаҳрванд С.Абдуғаффор ба баҳонаи фарзандашро ба хонаи дигар гузаронидан ба берун баромада азҷойи ҳодиса мегурезад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Буриев Азимҷон Абдуалиевич 1994 с\т, истиқ. ҷ/д А.Ҳасанов, деҳ. Баракат, дастгир карда шуд.
Комментарии (0)