Сӯхтори шабона: дар Душанбе ошхонаи назди бозори "Саховат" оташ гирифт

Сабаб ва ҳаҷми сӯхтор аз тарафи мақомоти дахлдор муайян карда мешавад. Оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ надоштааст
Сӯхтор нимишабии 30-уми декабр, тахминан соати 02:25 дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, сӯхтор дар ошхонаи “Ҳоҷиён” воқеъ дар кӯчаи Крупская 1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ба амал омадааст.
Гуфта мешавад, ки дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардидааст.
Ҳамзамон, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ низ 9 мошини сӯхторнишонии худро ба маҳалли ҳодиса эъзом кардааст.
"Дар як муддати кутоҳ сӯхтор хомӯш карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки сабаб ва ҳаҷми сӯхтор аз тарафи мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад. Оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ надоштааст.
Комментарии (0)