< "Танҳо кӯдак зинда монд": бархӯрди пурқурбонии 2 “Опел” дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-видео » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Танҳо кӯдак зинда монд": бархӯрди пурқурбонии 2 “Опел” дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-видео

"Танҳо кӯдак зинда монд": бархӯрди пурқурбонии 2 “Опел” дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-видео
Дар садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе – Кӯлоб аз миёни савораҳои ду “Опел” танҳо як кӯдак зинда монда, ба бемористон интиқол дода шудааст

Нашрияи “Пайк” дар сафҳаи фейсбукияш хабар дод, ки субҳи 28 декабр дар як садама дар наздикии шаҳри Ваҳдат  8 нафар ба ҳалокат расида, як нафар дар бемористон бистарӣ шудааст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар пайи бархӯрди ду “Опел” дар роҳи Душанбе – Кӯлоб мусофирону ронандаҳо, ки сокинони шаҳри Норак, Кӯлоб ва Муъминобод будаанд, ба ҳалокат расида, танҳо як кӯдак зинда мондаст.  Бархе аз шоҳидони ҳодиса теъдоди ҳалокшудагонро 6 нафар гуфтаанд, аммо расман мақомот то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.



Сомонаи “Ахбор” бо нашри як навор аз ҷои садама иттилоъ додааст, ки саворони “Опел”-е, ки аз Душанбе ба Норак ҳаракат доштааcт, аъзои як хонавода - ду бародар аз кӯчаи Гагарини ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норак ва ҳамсарони онҳо будаанд, ки дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.  Ҳалокшудагон аз 55 то 65 сол доштаанд.

Мусофирони “Опел”- и дигар, ки ба самти Душанбе ҳаракат доштаанд, сокинони ноҳияи Муъминобод будаанд. Ба иттилои мусоҳибони “Ахбор” аз ин мошин 4 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий