ЮЛДУЗ ХАБАР НАДОШТ, КИ ДАР ИСТАРАВШАН КОНСЕРТ ДОРАД (5 АКС)
Шоми 25 декабри соли 2019 дар тарабхонаи "Садбарг”-и шаҳри Истаравшан бояд консерти овозхони шинохтаи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова доир мешуд. Ташкилкунандаи консерт як сокини Истаравшан бо номи Ҷамшед бо нархи 350 сомонӣ бо ваъдаи ба Истаравшан овардани Юлдуз ба мардум беш аз 350 чипта фурӯхта, беш аз 100 ҳазор сомонӣ ҷамъ овардааст. Аммо вақте консерт сар шуду ба саҳна як зани айнакии як каме монанд ба Юлдуз баромад ва ба таронахонӣ сар кард, бисёриҳо фаҳмиданд, ки фиреб хӯрдаанд. Ин зан ба син ҳам аз Юлдуз пиртар буд, вале дар ҳунарнамоӣ аз он ситораи шуҳратёр фарсахҳо ақиб мемонд. Шубҳаи мардум вақте боз ҳам зиёдтар шуд, ки дар ҳамон соатҳо Юлдуз Усмоноваи воқеӣ аз Тошканд пахши мустақимашро дар Инстаграм сар кард.
Тамошобинони фиребхӯрда бо менеҷери Юлдуз тамос гирифтанд ва менеҷери ҳунарманд кадом қарори консерт гузоштани Юлдуз дар Истаравшанро қатъиян рад кард ва гуфт, ки Юлдуз дар Тошканд аст ва ҷое нарафтааст.
Худи овозхон дар саҳифааш дар Инстаграм низ хабар додааст, ки рӯзи 26 декабр дар Тошканд дар толори шабакаи телевизионии ZO'R TV маросими муаррифии албоми наваш барои барномаи нави "Siz bilan" доир мешавад ва ҳоло банди омодагӣ ба ҳамин чорабинист.
Сокинони Истаравшан аз ин изҳори нороҳатӣ мекунанд, ки қаллобон бо фиреб як овозхони қалбакиро ба онҳо ҳамчун Юлдуз Усмонова фурӯхта, беш аз 100 ҳазор сомонӣ пули мардумро амалан ба яғмо бурдаанд.
Танҳо баъди онки Юлдузи қалбакӣ будани овозхони ба Истаравшан омада маълум шуд, бархе тамошобинон мушоҳида карданд, ки ҳатто чиптаи ин консерт ҳам пур аз хатост ва декабр барои мисол "декабир” ва "контроль” дар ин чипта "кантроль” навишта шудааст.
Юлдуз Усмонова, ки 56 сол дорад ва дар шаҳри Марғилони вилояти Фарғона ба дунё омадааст, яке аз тобноктарин ситораҳои эстрадаи нафақат Ӯзбекистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ эътироф шудааст. Юлдуз Усмонова ба Тоҷикистон ва овозхонҳои тоҷик алоқаи хосе дошта, дар репертуараш чандин таронаи тоҷикӣ дорад ва бо ситораҳои тоҷик, аз ҷумла бо Далер Назаров ва Шабнами Сурайё низ муштаракан чанд тарона иҷро кардааст.


Комментарии (0)