< АВБОШӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

АВБОШӢ

АВБОШӢ
24.12.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Фарҳоди Азизмад 1992 с/т, милаташ тоҷик, бекор, истиқ, маҳ.Чармгарони-поён х.93, пеш бо моддаи 200 қ.3 банди “б” КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 24.12.2019 сол тахминан соати 06:20 дақиқа қасди оташ задани Арчаи солинавӣ, воқеъ дар кӯч. И.Сомонӣ  назди маҷмаъаи “2700-солагии” ш.Кулобро доштааст. Аз ин ҳолат командири ШХДМ ШВКД дар ш.Кулоб Давлатов Ҷумъахон Толибҷонович, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ қарор дошт, хабардор шуда, мақсади пешгири намудани ин ҷинояти мазкурро менамояд. Шаҳрванд Фарҳоди А.  аз ҳисиёти авбошӣ бо корди дар дасташ буда ба тарафи  корманди ШХДМ ШВКД Давлатов Ҷ.Т. ва кормандони ШВКД дар ш.Кулоб муқобилият нишон додааст. Нисбати шаҳрванд Фарҳоди А. аз тарафи прокуратураи ш.Кулоб парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қ 3, банди “а” КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Далели шайъӣ 1-адад корд ва зарфи пластикӣ (баклашка) ғунҷоишаш 1,5 литра олудаи сӯзишвории бензин гирифта шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий